20 октябр дар
толори калони Палатаи ҳисоб доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОА – и мамлакат дар нуҳ
моҳи соли 2025 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Раиси Палатаи
ҳисоб Ҷамшед Каримзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати иҷрои
дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб ва Нақшаи
чорабиниҳои аудитории соли 2025 як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.
Аз рӯйи таҳлили
нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти
гумрук ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин, аудити берунаи мустақили
“Ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Буҷети давлатӣ
барои соли 2024” ва аз натиҷаи чорабиниҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар
соли 2024 хулоса таҳия карда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда
шуд.
Дар ин замина,
ҷиҳати таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва
истифодаи самараноку мақсадноки воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо,
марказ ва гурӯҳҳои татбиќи лоиҳаҳои сармоягузорї, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ
ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 117 чорабинии аудиторӣ гузаронда, дар 22 134 ҳолат вайронкунии
қоидаҳои молиявӣ ба маблағи умумии 989,6 млн сомонӣ муайян карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи
соли сипаригашта 584,6 млн сомонї зиёд мебошад.
Аз ҷумла, вайронкунии
қоидаҳои низоми молиявӣ дар 19 287 ҳолат ба маблағи 292,0 млн сомонӣ ва
вайронкунии қоидаҳои молиявии хусусияти расмидошта дар 2 847 ҳолат ба маблағи 697,6
млн сомонӣ муайян карда шуд.
Оиди бартараф
намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, вайронкунии
қоидаҳои низоми молиявӣ ба маблағи 285,3 млн сомонӣ аз ҷумла, 276, 6 млн сомонӣ
ба буҷет ва 8,7 млн сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуд, ки 97,7 дарсади
маблағи муайяншударо ташкил медиҳад.
Дар ин давра
аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 34 мавод ба маблағи 45,1 млн. сомонӣ
барои чораҷӯйӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.
Ҷиҳати бартараф
намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва
марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 30 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 839 тавсияҳо
ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 27 қарору фармонҳо қабул гардида, 177 нафар ба
ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шудаанд.
Ҳамзамон, ислоҳоти
соҳавӣ бо маром идома ёфта, омӯзиши Стандартҳои байналмилалии аудит ва таҷрибаи
пешқадами соҳа роҳандозӣ гардид.
Мутобиқи Стандартҳои
байналмилалии мақоми олии аудит «Роҳнамо оид ба гузарондани аудити экологӣ дар заминаи
аудитҳои мутобиқату молиявӣ ва самаранокӣ» таҳия ва бо қарори ҳайати мушовараи Палатаи
ҳисоб қабул шуда, инчунин «Таснифи вайронкунии қоидаҳои молиявӣ» дар мувофиқа бо
мақомоти дахлдор таҳия ва бо қарори ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб аз 6 марти соли
2025, №5.1 тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд.
Бо мақсади таъмини
шаффофият, канорагирӣ аз бархурди манфиатҳо, танзими дурусти баҳисобгирии маблағҳои
зарари молиявӣ, пешгирии такрорёбии даромадҳои нақшавии буҷет дар рақамҳои ҳисоботӣ,
ҷиҳати ҷорӣ намудани баҳисобгирии омории иҷрои андозҳо ва пардохтҳои давлатӣ дар КВД БА «Амонатбонк» суратҳисоби «Маблағҳои зарару
камомад ва тасарруф» кушода шуд.
Инчунин, якҷо бо
мақомоти масъули омори давлатӣ бо мақсади таҳлил ва муқоисанамоии маълумот дар бораи
пардохти андозҳо, боҷу хироҷ, ҷаримаҳо ва муҷозотҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар воридоти
ғайриандозӣ мутобиқи маълумоти аслии молиявӣ бо пешниҳоди Палатаи ҳисоб шакли ҳисоботи
омории №1 – пардохтҳо «Ҳисобот дар бораи пардохтҳо ба буҷет» аз ҷониби Агентии омор
таҳия ва ба тасвиб расонида шуда, мавриди амал қарор гирифт.
Сипас, ҳисоботи
сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, муҳтарам Каримзода Ҷ. баҳри
рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани фаъолияти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас
доданд.
Дар фарҷом,
оид ба натиҷаи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9-моҳи соли
ҷорӣ ва иҷрои вазифаҳо барои давраҳои минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардид.