Дар кори ҷаласа
раиси Палатаи
ҳисоб
муҳтарам Каримзода
Ҷамшед
муовини
раис Аҳмадзода
Ш ва аъзои ҳайати
мушовараи
Палатаи
ҳисоб,
намояндагони
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии
шаҳри Ҳисор,
Кумитаи
ҳифзи
муҳити зист, вазоратҳои
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,
энергетика
ва захираҳои об, кишоварзӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
инчунин
коршиносон
ва мутахассисони
соҳа иштирок
намуданд.
Зимни ҷаласа
таъкид гардид, ки аудит дар доираи татбиқи аудити экологӣ
ва бо мақсади арзёбии
вазъи воқеии муҳити зист, истифодаи
самараноки
захираҳои табиӣ,
таҳкими амнияти
экологӣ
ва таҳияи тавсияҳои амалӣ
барои мақомоти дахлдор
гузаронида
шудааст.
Иброз гардид, ки дар
рафти аудит ҳолати захираҳои обӣ,
истифодаи
заминҳои соҳилӣ,
вазъи санитарию
экологӣ,
ҳифзи
гуногунии
биологӣ,
риояи талаботи
қонунгузории
экологӣ,
инчунин
самаранокии
тадбирҳои соҳилмуҳофизатӣ
мавриди
омӯзиши ҳамаҷониба
қарор
гирифтаанд.
Зикр шуд, ки дарёи
Хонақоҳ яке аз манбаъҳои муҳими обии шаҳри Ҳисор
маҳсуб ёфта, дар таъмини
эҳтиёҷоти аҳолӣ
бо захираҳои обӣ,
рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи экосистема
ва нигоҳдории мувозинати
экологӣ
нақши муҳим дорад.
Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ
ва ҳифзи
муҳити зист ҳамчун
яке аз самтҳои афзалиятноки
сиёсати
давлатии
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
арзёбӣ
гардид.
Таъкид шуд, ки натиҷаҳои
аудити экологӣ
барои мақомоти давлатӣ
ва сохторҳои дахлдор
ҳамчун
заминаи
муҳим барои қабули
қарорҳои
идоракунӣ, таҳияи барномаҳои
соҳавӣ,
тақвияти назорати
экологӣ
ва банақшагирии
чорабиниҳои
минбаъда
хизмат хоҳанд кард.
Ҳамзамон,
татбиқи
тавсияҳои таҳияшуда ба истифодаи
устувори
захираҳои табиӣ,
таҳкими ҳамкории
байниидоравӣ, рушди инфрасохтори соҳилмуҳофизатӣ
ва баланд бардоштани
самаранокии
фаъолияти
мақомоти масъул мусоидат
менамояд.
Дар ҷараёни
ҷаласа
инчунин
ба масъалаҳои
баланд бардоштани
маърифати
экологии
аҳолӣ,
тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби фарҳанги экологӣ
ва ҷалби
фаъоли ҷомеа
ба ҳифзи
муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иброз гардид, ки ҳифзи
муҳити зист ва истифодаи
оқилонаи захираҳои табиӣ
аз омилҳои муҳими рушди устувори
кишвар ба шумор рафта, барои рушди соҳаи сайёҳӣ,
беҳтар гардидани
сифати зиндагии
аҳолӣ
ва ҳифзи
сарватҳои табиии кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми
ҷаласа
раиси мақомоти олии аудити кишвар Каримзода
Ҷамшед
ба иштирокдорон
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии
шаҳри Ҳисор
ва дигар сохторҳои масъул ҷиҳати
татбиқи тавсияҳои аудит, таҳкими ҳамкории
байниидоравӣ ва идомаи тадбирҳои ҳифзи
муҳити зист тавсияҳои дахлдор
пешниҳод намудв таъкид дошт, ки иҷрои онҳо ба таъмини
амнияти
экологӣ
ва рушди устувори
минтақа мусоидат
хоҳад кард.