logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед доир гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед доир гардид

23 июли соли равон дар Палатаи ҳисоб ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси мақомот муҳтарам Каримзода Ҷамшед доир гардид, ки дар кори он 7 масъала, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур муовини раис Аҳмадзода Ш. А., сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа хулоса ва ҳисоботҳо аз натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявии Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” – и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аудити мутобиқат ва молиявии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистикӣ, хулоса аз натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 10 (даҳ) муассисаҳои зерсохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити мутобиқат ва молиявии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, инчунин, хулоса оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара, аз натиҷаи баррасӣ хулоса ва ҳисобот аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории зикршуда, тасдиқ карда шуданд.

Инчунин гузориши муовини сардори Раёсати таҳлил, рушд, стандарт ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Аҳмадзода Ф.З. вобаста ба супориши техникӣ оид ба омода намудани лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди мувофиқасозӣ ва қабули онҳо шунида шуд.

Дар фарҷом аз натиҷаи ҷаласаи ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор бо тарафдории аъзоёни он қабул гардида, аз ҷониби раис Каримзода Ҷ.А. барои сари вақт иҷро кардани дастуру супоришҳо ва бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида, тавсияҳои мушаххас дода шуд.


25.07.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -