Терроризм ва экстремизм, баробари дигар мушкилиҳо, олами мутамаддинро ба ташвиш оварда, барои пешбурди ҷомеа таҳдидҳои наву сангинро эҷод менамоянд. Ин аст, ки ҳар ду ҳам ҳамчун вабо ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, ниҳоят номатлуб арзёбӣ мегарданд.
Терроризмро ташкилот, гурӯҳ ва ё шахсони алоҳида баҳри амалӣ кардани ҳадаф ба кор мебаранд. Он зуҳуроти ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, мақсади нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, асосаш аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва несту нобуд кардани инсоният мебошад.
Экстремизм низ мисли ангезаҳояш гуногун аст. Сабабҳои асосии он ба тариқи зайл маънидод гардидаанд: моддӣ, ғоявӣ, хоҳиши тағирот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, қудрат бар мардум, таваҷҷӯҳ ба ҳар як навъи фаъолият, ҳамдардӣ, худшиносӣ, қаҳрамоният, бозӣ, ҷолибияти хатари марг.
Дар Донишномаи Википедия омадааст, ки терроризм сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор аст. Новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи терроризм, таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад. Вожаи «террор» (аз лотинии terror — ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони ваҳшатафканӣ, даҳшатафканӣ ё ҳаросафканӣ ном бурда шудааст.
Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.
Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёию биологӣ тақсим намудаанд.
Чуноне ки Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо иброз доштаанд, “ Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа – аз хурд то калонро зарур аст, ки ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашуда, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии кишвар саҳмгузор гарданд. Зеро суботи Тоҷикистону устувории ҷойгоҳи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияти марзҳои давлатиаш барои ҳар як шаҳрванди соҳибдили ҷумҳурӣ бояд арзиши муҳим ва калидӣ дошта бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин амалҳои номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомадҳои ногувори онҳо батамом ҷилавгирӣ карда шавад. Дар робита ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта равона гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 №187 тасдиқ шудааст, қабул гардидаанд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ низ вобаста ба онҳо роҳандозӣ гардида истодаанд.
Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи СММ ва СҲШ қабул гардидаанд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дода, байни давлатҳои ИДМ, СААД, СҲШ дар ҷабҳаи аввали мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад.
Таъсиси сохтори зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2004 ба Тоҷикистон имконият дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват намояд.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа ногузир аст. Зеро танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ҳама гуна омили манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард зиндагии ободу осоишта ва ором дошта бошад.