11 декабри
соли 2024 бо иштироки зиёда аз 80 нафар намоянда аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
вазорату идораҳои кишвар,
ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ, Воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Мақоми олии аудити ҷумҳуриҳои Гурҷистону Озарбойҷон, Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2024 -2028 муаррифӣ гардид.
Чорабиниро бо
сухани ифтитоҳӣ, муовини раиси
Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ф оғоз бахшиданд.
Дар ҷараёни муаррифии
Стратегияи мазкур қайд карда шуд, ки “Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои
2024 – 2028” бо дар назар доштани анҷом ёфтани “Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2019 – 2023”, дар асоси “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли
2030”, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чолишҳо ва хавфҳои нав,
Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин, натиҷаи баҳодиҳии мустаќили берунаи сифати аудит ва фикру андешаҳои ҷонибҳои манфиатдор таҳия карда шудааст.