logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюм дар соли 2026

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюм дар соли 2026

Санаи 10 июли соли 2026 таҳти роҳбарии раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақоми олии аудити давлатии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, баргузор гардид.

Раиси мақоми олии аудити давлатии кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҷаласаро оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар ҷаласа муовини раис Аҳмадзода Ш. А., сараудиторон, инчунин сардорони воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб, аудиторон ва дигар кормандон иштирок доранд.

Ҷаласа дар ҳузури сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд баргузор мегардад.

Сароғоз таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро нахуст ба иҷрои сифатнок ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 - уми декабри соли 2025 бармеоянд ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки Палатаи ҳисоб яке аз рукунҳои муҳими ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат буда, кормандони ин ниҳоди олӣ пеш аз ҳама барои таъмини арзёбии шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, масъулияти баландро бар уҳда дорад.

Сипас, ҳисоботи муовини раис Аҳмадзода Ш. доир ба татбиқи сиёсати молиявию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ, шунида шуд.

Қайд гардид, ки мақсади асосии фаъолияти Палатаи ҳисоб танҳо муайян намудани вайронкуни қоидаҳои молиявӣ набуда, балки мусоидат ба таҳкими интизоми молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, такмили идоракунии молияи давлатӣ ва таҳкими ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Таҳлили натиҷаи фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 нишон медиҳад, ки Палатаи ҳисоб вазифаҳои банақшагирифташударо дар маҷмуъ таъмин намуда, дар самти аудити берунаи давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ 51 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи 336,0 млн сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маблағи муайянкардашуда, вайронкунии низоми молиявӣ, ки ба зарар мансубият дорад 319,2 млн сомонӣ ва вайронкунии хусусияти расмидошта 16,8 млн сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи таснифи вайронкунии қоидаҳои молиявӣ аз рӯйи вайронкунии қоидаҳо вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ дар 1 985 ҳолат 30,0 млн сомонӣ, вобаста ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ дар 5 332 ҳолат 281,8 млн сомонӣ, дар соҳаи идоракунӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ дар 396 ҳолат 424,0 ҳазор сомонӣ, дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ дар як ҳолат 77,7 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи сохтмон дар 532 ҳолат 6,8 млн сомонӣ ва дигар вайронкунии қоидаҳо дар 3 ҳолат 19,3 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Гарчанде, ин нишондиҳанда аз як тараф аз густариши фарогирии аудит ва беҳтар гардидани сифати аудит шаҳодат диҳад, аз тарафи дигар нишон медиҳад, ки дар фаъолияти як қатор мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ дар идоракунии молияи давлатӣ, назорати дохилӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ ҷой дорад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти мақомоти олии аудити давлатӣ ин на танҳо муайян намудани камбудиҳо, балки таъмини бартарафсозии онҳо мебошад.

Маълумотҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти Палатаи ҳисоб на танҳо хусусияти баҳодиҳӣ ва аудити беруна, балки ба барқарор намудани манфиатҳои иқтисодии давлат ва таъмин намудани истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ низ равона гардидааст.

Ҳамзамон, таҳлил нишон медиҳад, ки сатҳи барқароршавии маблағҳо ҳанӯз нокифоя буда, дар нимсолаи дуюм зарур аст, ҳамкории Палатаи ҳисоб бо вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз ҳам тақвият бахшида, механизми иҷрои ҳатмии тавсияҳои аудиторӣ такмил дода шавад.

Таҳлили фаъолияти аудиторӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир дар фаъолияти Палатаи ҳисоб гузариш аз аудити анъанавии молиявӣ ба аудити самаранокӣ ва аудити мутобиқат босуръат идома дорад.

Ин тағйирот имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ на танҳо аз нуқтаи назари қонунӣ будани хароҷот, балки аз нуқтаи назари самаранокии маблағҳои давлатӣ арзёбӣ карда шавад.

Маҳз ҳамин равиш имрӯз ба талаботи Стандартҳои байналмилалии ISSAI мутобиқат намуда, ба баланд гардидани сифати идоракунии молияи давлатӣ, мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода М баромад намуда, фаъолияти нимсолаи Палатаи ҳисоби кишварро хуб арзёбӣ намуданд.

Иброз намуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар фароҳам овардани шароитҳои муосири корӣ дар бинои ин ниҳоди муҳими давлатӣ баҳри кормандон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хушнудист.

Қайд гардид, ки вазифагузориҳо дар самтҳои афзалиятнок барои нимсолаи дуюми соли 2026 бо назардошти натиҷаҳои таҳлил, муайян карда шавад.

Самти якум

Баланд бардоштани сифати аудити мутобиқат, молиявӣ ва самаранокӣ.

Самти дуюм

Гузариш ба аудити рақамӣ.

Самти сеюм

Баланд бардоштани самаранокии иҷрои тавсияҳои аудит.

Самти чорум

Тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Самти панҷум

Баланд бардоштани сатҳи касбияти аудиторон.

• IT аудит;

• аудити экологӣ;

• аудити энергетикӣ;

• аудити иҷрои барномаҳои давлатӣ;

• аудити лоиҳаҳои сармоягузорӣ.

Қайд гардид, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар маҷмуъ бо натиҷаҳои назаррас иҷро намудааст.

Инчунин, дар рафти ҷаласа ҳисоботи сараудиторон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оид ба фаъолияти соҳа шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи васеи фаъолияти нимсолаи якум раисикунанда Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед иброз доштанд, ки минбаъд низ фаъолияти худро баҳри таъмини истифодаи қонунӣ, мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ, моликият ва захираҳои давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин, татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ равона хоҳанд кард.

Таҳлилҳои сифатнок ва тавсияҳои амалӣ метавонанд шаффофияти молиявиро беҳтар намуда, омилҳои мусоидаткунандаи коррупсиониро коҳиш диҳанд, самаранокии хароҷоти буҷети давлатиро баланд бардошта, бо ин восита рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин намуда, ба некуаҳволии мардум таъсири мусбӣ расонад.

Инчунин, раис оиди рушд бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар раванди корҳои созандагӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.


10.07.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -