logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Санаи 9 январи соли 2026 бо мақсади натиҷагирии фаъолияти Палатаи ҳисоб дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед, намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд, сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ, иштирок намуданд.

Нахуст, раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед иброз намуданд, ки сараудиторон ва кормандони Палатаи ҳисоб давоми соли қаблӣ фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар самти шаффофияти  истифодабарии маблағҳои буҷетӣ натиҷаҳои назаррас рӯи кор омаданд ва дар Палатаи ҳисоб барои тақвияти фаъолият ба кормандон шароиту имкониятҳои зарурӣ ва муосири корӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни баргузории ҷаласа сараудитори Палатаи ҳисоб Раҳмонзода Зафар, баромад намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти Мақомоти олии аудити кишвар натиҷа ва дастовардҳо дар соли ҳисоботӣ, тақвияти иҷрои нақшаҳои минбаъдаи рушд ва пешниҳодҳо ҷиҳати самтҳои афзалиятноки соҳа аз ҷумла тақвияти рақамикунонӣ ва тавассути он гузаштан ба аудити пурраи фосилавӣ,  татбиқи ҳукумати электронӣ, ки ба сифати кори соҳа нақши муҳим дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷа ва самаранокии фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ карда шуд.


Ҳамзамон, ҳисоботи сардорон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани сифати аудит, натиҷаву нишондиҳандаҳои соҳавӣ ироа гардиданд.

Дар асоси таҳлил ва муҳокимаҳо, аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоби кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҷиҳати ҷоннок  намудани фаъолияти Палатаи ҳисоб  дар соли 2026 ва таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин вазифаҳои мушахас вогузор карда шуданд

 

Бахши иттилоот ва кор 

бо ВАО – и Палатаи ҳисоб

 


10.01.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -