Ҳамкорони муҳтарам,
Имрӯз мо бо ифтихор ва эҳтироми бузург Рӯзи
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Парчам барои ҳар як миллат рамзи истиқлолият,
ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва шаъну шарафи давлатдорист. Барои мо мардуми тоҷик,
Парчами давлатӣ нишонаи ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳо буда, моро ба таърихи
пуршараф, фарҳанги ғанӣ ва ормонҳои бунёдкорона мепайвандад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид
намудаанд:
«Парчами давлатӣ рамзи ҳастию бақои давлат,
ватандӯстиву нангу ор ва омили ҳамбастагии миллат мебошад».
Ин суханон ба ҳар яки мо масъулият медиҳад, то ин
рамзи муқаддаси давлатиро бо меҳру эҳтиром ҳифз карда, арзишҳои онро дар
садоқат ба Ватан, меҳнати софдилона ва масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоем.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992
қабул гардид, имрӯз дар тамоми арсаҳои байналмилалӣ, дар муассисаҳои давлатӣ,
мактабҳо, майдонҳои варзишӣ ва дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ парафшон аст. Он
ифодаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи давлатдорӣ мебошад.
Ҳамкорони гиромӣ!
Дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешрафти давлати
соҳибистиқлол Парчам нақши хос дорад. Зери ин Парчам Тоҷикистон роҳи
пурифтихореро тай кард: сулҳ барқарор шуд, пояҳои давлатдории муосир таҳким
ёфтанд, иқтисодиёт рушд кард, сатҳи зиндагии мардум баланд гардид, нуфузи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт.
Фаромуш набояд кард, ки ин ҳама дастовардҳо дар
зери сиёсати оқилона ва раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ
шуданд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ин
Парчам ва дар доираи сиёсати давлатӣ вазифадор аст, ки қонунмандӣ, истифодаи
самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳиро таъмин намояд.
Мо бояд бо масъулияти баланди хизматӣ ва садоқат ба
арзишҳои давлатӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои мардум ва таҳкими бунёди молиявии
кишвар фаъолият намоем.
Дар фарҷом, ҳамаи шумо, кормандони муҳтарами
Палатаи ҳисобро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
самимона табрик мегӯям.
Бигузор Парчами муқаддаси давлатӣ, ҳамеша баланду
парафшон бошад!! Тоҷикистони азиз бо қадамҳои устувор ободу шукуфон гардад ва
фазои сулҳу суботи кишвар барои миллати мо ҷовидона устувор бимонад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод!