14 ноябри соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоб бо
иштироки раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед, муовини раис Аҳмадзода
Файзалӣ, сараудиторон, сардорони раёсатҳо ва ҳайати кормандони сохтори Мақоми
Олии аудити кишвар бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи
тақдирсоз маҳсуб меёбад, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласа бо садо додани суруди миллӣ оғоз
гардид.

Нахуст, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри
соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо қабули қарорҳои таърихии худ роҳро
ба суи сулҳ, ваҳдат ва истиқрори сохтори конститутсионӣ ҳамвор намуд.
Раиси Палатаи ҳисоб Каримзода
Ҷамшед таъкид намуданд, ки интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва эҳёи
давлатдории миллии тоҷикон гардид. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва
сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист пояҳои давлатдории
худро таҳким бахшида, ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократиро бунёд созад.
Сипас, сармутахассисони
Палатаи ҳисоб Дилафрузи Саид ва Эмомзода Фируз оид ба нақши Иҷлосияи
16 Шӯрои Олӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва пешрафти
ҷомеаи демократӣ баромад намуданд.
Ҷаласа дар фазои идона ва ифтихори миллӣ
бо руҳияи баланд анҷом ёфт.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО- и
Палатаи ҳисоб