logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси мақоми олии аудити кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед баргузор гардид

Ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси мақоми олии аудити кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед баргузор гардид

        Санаи 18 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси мақоми олии аудити кишвар   муҳтарам Каримзода Ҷамшед  баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара, муовини раиси палатаи ҳисоб Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад, сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти олии аудити кишвар  инчунин, намояндагон аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи  ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор  ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. 

      Яке аз масъалаҳои мубраме, ки дар  ҷаласаи ҳайати мушовараи мазкур аз ҷониби раис таъкид гардид ин баррасии масъалаи назарсанҷӣ ва таъмини Нақшаю чорабиниҳои аудити экологӣ буда, вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва татбиқи аудити экологӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум ва ҳифзу нигоҳдошти экология ва мунтазам корбарӣ дар ин самт тавсияҳо дода шуд.

        Аснои кори ҷаласа гузориши сардори раёсати аудити самаранокӣ шунида шуда, оид ба натиҷаи мухтасари аудиторӣ ва арзёбии ҳолати экологии шафати дарёи Хонақоҳи шаҳри Ҳисор бараси гардид.

           Раиси ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед дар анҷоми кори мушовара дастур доданд, ки ба корҳо аудити экологӣ ҷиддӣ вусъат бахшида шуда, таҳкими воситаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, техникӣ ҷиҳати гузаронидани аудити экологӣ пурра ба роҳ монда шавад ва вобаста ба иҷрои қарорҳои қабулгардида, пайгирии тавсияҳои ирсолшуда, тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд ва корбарӣ дар ин самт ҷоннок карда шавад.

 

Масъули иттилоот ва кор бо ВАО-и

Палатаи ҳисоб   Наҷмуддинзода Х.М

 

 


18.06.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -