11 августи соли
2025 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо иштироки раис муҳтарам Ҷ. Каримзода маҷлиси васеъ доир гардид.
Дар аснои он натиҷаи кории
раёсату шуъбаҳо давоми 7 моҳи соли равон мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба
қарор дода шуда, пас аз шунидани ҳисоботи сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои лозима оид ба тақвият
додани фаъолият, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа фармоишҳои раиси Палатаи ҳисоб, оиди гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизматии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки дар асоси қарори ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб
ба тасвиб расидааст, қироат карда шуд.