logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Палатаи ҳисоб

Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Палатаи ҳисоб


Санаи 26-уми июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти олии аудити кишвар, бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон махсус таъкид намуданд.

Дар рафти ҳамоиш баромадкунандагон аҳамияти Ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи рушди устувори давлат, пешрафти ҷомеа ва таҳкими Истиқлолияти кишвар маънидод карданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои зиндагии шоистаи мардум ва рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам омадааст.

Таъкид гардид, ки барои мардуми Тоҷикистон ин на танҳо як санаи таърихӣ, балки арзиши муқаддас ва неъмати бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққат, ҷоннисорӣ ва талошҳои фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ба даст омадааст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳалли сулҳомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Имрӯз, пас аз гузашти 29 сол аз имзои Созишномаи сулҳ, мо самараҳои неки ваҳдати миллиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равшан мушоҳида менамоем.

Дар фазои осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ иқтисодиёти миллӣ рушд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ бунёд шудаанд.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои сиёсати созанда дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Ваҳдати миллӣ барои фаъолияти самараноки тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ асоси боэътимод ба ҳисоб меравад.

Дар шароити сулҳу амният ва устувории сиёсӣ мо метавонем вазифаҳои хизматии худро дар самти таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ, тақвияти интизоми молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва мусоидат ба рушди устувори кишвар бо масъулияти баланд иҷро намоем.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо таҳдидҳои гуногун, низоъҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва дигар мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд, аҳамияти ҳифз ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар густариши сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар фарҷоми ҳамоиш раиси мақомоти олии аудити кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед ба иштирокдорон таъкид намуданд, ки дар якҷоягӣ бо шумо, минбаъд низ дар атрофи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои рушди устувори давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият, ободии Ватани азиз ва зиндагии шоистаи наслҳои оянда саҳми наззараси худро хоҳем гузошт.

 


26.06.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -