Муҳтарам аъзоёни ҳайати мушовара!
Ҳамкорони азиз ва ҳозири гиромӣ!
Имрӯз мо ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.
Ин санади тақдирсоз пояи устувори давлатдории миллии мо буда, арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва адолатро мустаҳкам намуд.
Қабули Конститутсия
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, маҳз дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки рамзи мавҷудияти мамлакат ба ҳисоб меравад, мақсаду мароми халқи Тоҷикистон доир ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифода шуда, ҳамчунин дигар арзишҳои демократӣ, аз қабили гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътиқод, воситаҳои ахбори омма ва дигар арзишҳо ҳамаҷониба инъикос гардиданд.
Тавре
ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Конститутсия
маҳсули андешаи миллии мардуми Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи халқ қабул гардид ва ифодаи ормонҳои бунёдкоронаи он аст».
Ҳамкасбони гиромӣ!
Қабули Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди таърихиест, ки дар саҳифаҳои давлатдории навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Маҳз ин санад ба ҷомеаи тоҷик роҳ ба сӯи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ кушод.
Имрӯз, баъди беш аз се даҳсола, мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки Конститутсия
на танҳо заминаи ҳуқуқии пешрафти давлат, балки рамзи ягонагии миллат ва вафодории мардум ба арзишҳои ватанӣ мебошад.
Бояд
қайд намуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ниҳоди олии аудити давлатӣ нақши муҳимеро дар татбиқи арзишҳои Конститутсия
дорад.
Мо
вазифадорем, ки шаффофият, масъулият ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетиро дар доираи талаботи қонунгузорӣ таъмин намоем, зеро Конститутсия ҳар яки моро уҳдадор месозад, ки ба нафъи халқ ва бо эҳтироми қонун ба давлат хизмат кунем.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз, дар рӯзи бузурги миллӣ, мо бояд ҳар лаҳзаи зиндагии худро бо эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба қонунҳои он сипарӣ намоем.
Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд:
«Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки бо эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо риояи ҳатмии талабот ва меъёрҳои онҳоро таъмин намояд.»
Ин суханон бояд шиори ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳар як фарзанди Тоҷикистон бошанд.
Ҳамкорони муҳтарам!
Дар назди мо вазифаҳои муҳим, яъне такмили идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии назорати молиявӣ, таъмини эътимоди шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат қарор доранд, ки бояд бо масъулияти баланд, касбият ва садоқат онро иҷро намоем.
Ҳар як чорабинии аудиторӣ, ҳар як ҳисобот ва ҳар як тавсияи мо бояд ба рушди давлат ва манфиати мардум равона гардад.
Дар фарҷом, аз самими қалб ҳар яки Шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям!
Бароятон саломатӣ, бахту саодат, оромӣ ва комёбиҳои нав таманно дорам.
Бигузор парчами Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар дилу дидаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷовидон бимонад.