Бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб бо иштироки раис муҳтарам Каримзода Ҷамшед ва кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси
Палатаи ҳисоб КаримзодаҶамшед ифтитоҳ намуда, барои ҳозирин
дар мавзуи Конститутсия Бахтномаи миллат маъруза карданд.
Зимнан
қайд намуданд, ки қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба фаъолияти
босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди
ногусастанӣ дошта, маҳз дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки рамзи мавҷудияти кишвар
ба ҳисоб меравад, мақсаду мароми халқи Тоҷикистон доир ба эъмори давлати
демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифода шуда, ҳамчун дигар арзишҳои
демократӣ, аз қабили гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, озодии
сухан, эътиқод, воситаҳои ахбори омма ва дигар арзишҳо ҳамаҷониба инъикос
гардиданд.
Конститутсияи
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар
роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳон ва ҳифзи
манфиятҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши
барҷастаи таърихӣ дорад.
Конститутсия
ҳуҷҷатест, ки сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву
васеъи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар таъмин намуда, барои
ояндаи дурахшон замина фароҳам меоварад.
Ин
санади муҳим шоҳсутуни давлат маҳсуб ёфта, қабулу амали он барои ҳар як
шаҳрванд падидаи таърихиву тақдирсоз аст.
Зеро
мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи райпурсии умумихалқӣ имконоти ҳуқуқии
қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, бо шарофати он
дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поийдевори давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявии
тоҷиконро таҳким бахшид.
Аз
арафаи қабулшавии Конститутсия то имрӯз 31 сол гузашт ва дар рушди
иҷтимоӣ, иқтисодю молиявии кишварамон Конститутсия нақши муҳиму
бузургро бозидаистодааст.
Конститутсияи соҳаи
давлатдорӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, муносибатҳои сохторҳои давлатиро танзим
менамояд ва ба ин танзимкунандагӣ дар ҳаёти мо тартиб ворид месозад.
Барои
гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар ба суи бунёди давлати
ҳуқуқбунёди иҷтимоӣва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон нақши муҳим ва муассир гузошт. Дар заминаи
меъёрҳои муқараргардида бобу моддаҳои он соҳаҳои муҳими мамлакат
тадриҷан рушд карда барои сокинон шароити зиндагии босаодату арзанда
фароҳам овард.
Ин аст
ки такя бо ин бахтнома ва пояи устувори давлатдорӣ инкишофи бемайлони
иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин шуда, дар заминаи якдиливу якпорчагии ватани азиз,
сокинон дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ умр ба сар мебаранд.
Ин ҳама
аз бузургтарин ҷашни бузурги милли Истиқлолият маншаъ гирифта дастовардҳо
аз ҷумла низоми устувори давлатдорӣ ва пояҳои он арзишӣ олӣ дониста мешавад.
Сипас
дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандон вобаста ба ин санади тақдирсоз
суханронӣ намуданд.
Ҷаласа
дар фазои мусоид ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и
Палатаи ҳисоб