logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда бо иштироки роҳбарият, сараудиторон ва тамоми кормандон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда бо иштироки роҳбарият, сараудиторон ва тамоми кормандон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ш. А иброз намуданд, ки қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” қатънома қабул гардид, ки идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва башардустонаи Тоҷикистон мебошад.

Қайд гардид, ки тоҷикон дар таърихи давлатдории миллии худ аз ин неъмати ва ҳадяи беназири таърих ин муқаддасотро бархӯрдоранд ва ҳар сол дар кишвар 27 июн санаи имзои Созишномаи сулҳ гуфта, онро чун рӯзи муқаддас ҷашн мегиранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пркзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст.

Дар ин замина ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии оид ба таҳкими сулҳ барои насли оянда, солҳои 2027 – 2036” идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи давлат ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки ин санад барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаи тамаддунҳо, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарғибӣ ғояҳои сулҳу ҳамзистии осоишта дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва қабули ин ташаббуси муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва густариши фарҳанги сулҳ мебошад ва чунин иқдомҳо барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҳифзи сулҳу амният, аҳамияти бузург доранд.

Сипас иштирокдорон доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки Палатаи ҳисоб ҳамчун мақомоти олии аудити кишвар метавонад тавассути баргузории ҳамоишу чорабини ва семинарҳои омӯзишӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳм гузорад.

Дар фарҷоми ҳамоиш барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи муҳтавои даҳсола, инчунин тақвияти корҳои иттилоотию маърифатӣ, ташкили чорабиниҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб ба кормандон дастури мушахас дода шуд.

Масъули иттилоот ва кор бо ВАО- и
Палатаи ҳисоб Наҷмуддинзода Х

 


07.07.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -