logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Натиҷагири аз ҷамъбасти фаъолияти Палатаи ҳисоб дар давраи семоҳаи якуми соли 2026

Натиҷагири аз ҷамъбасти фаъолияти Палатаи ҳисоб дар давраи семоҳаи якуми соли 2026

  06 апрели соли 2026 фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистондар давраи семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, барои давраҳои минбаъда вазифагузорӣ карда шуд.

Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷ. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро нахуст ба иҷрои сифатнок ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки Палатаи ҳисоб яке аз рукнҳои муҳими ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат буда, кормандони ниҳоди олӣ пеш аз ҳама барои таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, масъулияти баланд ба уҳда доранд.

Муовини раис Аҳмадзода Ш. А. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар семоҳаи якуми соли 2026 ва масъалаҳои муваззафгардида, инчунин, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни маҷлис қайд карда шуд, ки дар ин давра нақшаи корӣ барои соли 2026 таҳия ва мавриди корбарӣ қарор гирифта, вобаста ба бандҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Робита ба ин, ҷиҳати таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ Палатаи ҳисоб дар ин давраи ҳисоботӣ 25 чорабинии аудиторӣ гузаронда, вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи 354,9 млн, сомонӣ муайян намудааст.

Аз маблағҳои муайяншуда 342,8 млн сомонӣ вайронкунии низоми молиявӣ, ки ба зарар мансубият дорад ва 12,1 млн сомониро вайронкуниҳои хусусияти расмидошта ташкил медиҳанд.

Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида чораҳои мушаххас андешида шуда, вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ ба маблағи 129,0 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст

Тибқи қоидаҳои муқарраргардида дар ин давра 18 мавод ба маблағи 207,0 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар самти рушди иқтидори кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон ва ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва лоиҳаи муштарак бо Ташаббуси рушди ИНТОСАЙ, марҳилаи дуюми ҳамкорӣ, барои солҳои 2026-2029 оғоз гардида, татбиқи он ба такмили фаъолияти аудитории мақомот, мусоидат менамояд.

Инчунин, ба масъалаи татбиқи ваколатҳои қонунгузорӣ ва рақамикунонии соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сатҳи пешниҳоди ташаббусҳо ҷиҳати такмилӣ қонунгузорӣ ва низомҳои соҳавӣ, нокифоя арзёбӣ гардид..

Ҳамзамон қайд гардид, ки раванди рақамикунонии аудит, татбиқи аудитҳои ба хавф нигаронидашуда ва фосилавӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ қарор надорад ва набудани маҳзани ягонаи маълумотҳои электронӣ, мушкилоти ҷиддиро дар ин самт ба миён овардааст.

Низоми коргузорӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳо ва мукотибот ба такмил ниёз дошта, бо мақсади пешгирии ифшои маълумотҳои чорабиниҳои аудиторӣ, мубодилаи онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои дастрасии умум қатъиян манъ карда шуда, мукотиба танҳо тавассути Барноми дохилии Outlook ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки вобаста ба мониторинги иҷрои тавсияҳои пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоб ва ҷорӣ намудани механизми муассири назорати иҷрои он ва дар давраи минбаъдаи фаъолият бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷиҳати ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас, чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар баробари ин, қайд намуданд, ки кормандони Палатаи ҳисоб мунтазам ба такмил додани савияи дониши худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, бо мақсади боз ҳам саҳмгузор будан дар идоракунии сифатноки молияи давлатӣ ва рақамикунонии соҳа, аз ҷумла фосилавикунонии чорабиниҳои аудиторӣ, тадбирҳои муассир андешанд.

Дар ин раванд, вобаста ба нишондодҳои ҳар як корманд бо усули сарикасӣ, натиҷагирӣ карда ба кормандоне, ки натиҷаҳояшон дар сатҳи паст қарор дорад имкон доданд, ки то ҷамъбасти давраи минбаъда камбудиҳоро ҳарчи зудтар ислоҳ намоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатӣ ва ворид намудани усулҳои муосири аудит, инчунин, омӯхтани таҷрибаи мақомоти олии аудити давлатҳои пешрафта тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар баробари он татбиқи дурусти стандартҳои байналмилалии аудит ба роҳ мона шуда, аз ҷониби шуъбаи кафолати сифати аудит мунтазам мониторинги ҳолати омӯзишӣ кормандони фарогиршуда дар барномаи РЕСА амалӣ карда шавад.

Дар раванди натиҷагирӣ ва таҳлили фаъолияти соҳа, зарур шумурданд, ки сохтори Палатаи ҳисоб такмил дода шуда, баҳри назорати минбаъдаи иҷрои тавсияҳои додашудаи Палатаи ҳисоб ва ба танзим даровардани ҳисобварақаҳои уҳдадорӣ, воҳиди алоҳида таъсис дода шавад.

Тибқи рӯзнома дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳа, ҳисоботи сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, муваззаф гардида, ҷиҳати рушди соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Бахши иттилоот ва кор бо ВАО – и

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон


14.04.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -