logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Паёми табрикотии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Паёми табрикотии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Ҳамкорони гиромӣ!

​          Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон санаҳое мавҷуданд, ки онҳо на танҳо воқеаи муҳими таърихӣ, балки сарчашмаи ифтихори миллӣ ва рамзи сарҷамъию пойдории давлат мебошанд. Яке аз чунин санаҳои сарнавиштсоз ин Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки ҳамасола 27 июн дар саросари кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу субот таҷлил мегардад.

Имрӯз, ки мо 29-умин солгарди ин рӯйдоди бузурги таърихиро ҷашн мегирем, бо эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ҳамаи шумо – кормандони Палатаи ҳисоб ва дар симои шумо тамоми наздиконатонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Боиси таъкид аст, ки расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар он солҳои душвор кори саҳлу осон набуд. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи матин ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми сарбаланди кишвар хатари парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлатдории тоҷикон пешгирӣ карда шуд.

Ваҳдати миллӣ рамзи пирӯзии хиради сиёсӣ, иродаи қавии миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги сулҳҷӯёнаи халқи тоҷик мебошад. Дар ҳамин рӯзи таърихӣ, соли 1997, бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ заминаи устувор фроҳам оварда шуд.

Кормандони муҳтарам!

Барои мардуми Тоҷикистон ин на танҳо як санаи таърихӣ, балки арзиши муқаддас ва неъмати бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққат, ҷоннисорӣ ва талошҳои фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ба даст омадааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳалли сулҳомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Имрӯз, пас аз гузашти 29 сол аз имзои Созишномаи сулҳ, мо самараҳои неки ваҳдати миллиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равшан мушоҳида менамоем. Дар фазои осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ иқтисодиёти миллӣ рушд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ бунёд шудаанд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои сиёсати созанда дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Ваҳдати миллӣ барои фаъолияти самараноки тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ асоси боэътимод ба ҳисоб меравад. Дар шароити сулҳу амният ва устувории сиёсӣ мо метавонем вазифаҳои хизматии худро дар самти таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ, тақвияти интизоми молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва мусоидат ба рушди устувори кишвар бо масъулияти баланд иҷро намоем.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо таҳдидҳои гуногун, низоъҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва дигар мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд, аҳамияти ҳифз ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар густариши сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Боварии комил дорам, ки мо дар якҷоягӣ бо шумо, минбаъд низ дар атрофи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои рушди устувори давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият, ободии Ватани азиз ва зиндагии шоистаи наслҳои оянда саҳми наззараси худро хоҳем гузошт.

Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу сафо, саодатмандӣ, саломатӣ ва барори кор, инчуни ба Тоҷикистони азизамон суботи ҷовидона, пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.


Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон


26.06.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -