Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе “Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст намуд.
Ҳамин тавр Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари якчанд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар бахшҳои сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадр карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофот ба сифати кори озмун баҳои баланд доданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом агар аз як тараф ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кудакон ва ба варзиш машғул шудану обу тоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад.