hostgator coupon 75 off

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

 

Матни эълони озмун бо назардошти талаботњои тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муовини сардори Раёсат - сардори шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ –1 љой.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

тањсилоти олии пурраи касбии муҳандис- систематехник, барномасоз;

На камтар аз 7 сол собиқаи умумӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансаби категорияи 2 – юм (аз рӯи ихтисос);

-донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї ва забони давлатї;

-ташкил, назорат ва таҳқиқи системаҳои иттилоотӣ ва амалиёт бо маълумоти электронӣ;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастури Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, СТД (СТД 21.607-82. СТД 21.608-84. СТД 16442-80.ГОСТ IEC 60950-2011. СТД Р51318.22-99 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, вобаста ба ТИК, ки ба ӯҳдадориҳои сардори шуъба тааллуқ дорад.

-дониш ва малакаи роњбарї, идоракунї, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- -дарки равишҳои муосири идоракунии технологияҳои иттилоотӣ, қобилияти ба кор бурдани (ITIL, COBIT);

оштани малакаи корӣ оид ба шабакаҳои OSI, TCP IP;

-доштани таҷрибаи корӣ оид ба коркард ва идораи маълумот;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо шабакаҳои компютерӣ, идоракунӣ ва насби шабака;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад.

Маоши мансабї 3218 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.

 

2. Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии касбии ҳуқуқшинос, омӯзгор, психолог, сотсиолог, мутахассиси соҳаи гуманитарӣ ва мутахассиси касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ;

- 3 сол собиќаи хизмати давлатї дар мансабњои категорияи дуюм ё 6 сол собиќаи хизмати давлатї ё 7 сол собиќаи умумии мењнатї;

- донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастури Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї, ки соњањои фаъолияти хизмати давлатї ва хадамоти кадриро ба танзим медарорад;

- донишу малакаи назариявї ва амалї дар соњањои хизмати давлатї ва хадамоти кадрї;

- донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї ва донистани яке аз забонњои хориљї;

- донистани технологияи иттилоотї ва татбиќи он дар иҷрои уњдадорињои хизматї;

- дониш ва малакаи роњбарї, идоракунї, банаќшагирии раванди кор ва муносибат бо тобеон;

- донистани самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон;

- малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;

- дорои донишу малака барои истифодабарии ќонунгузорӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумњурии Тољикистон;

Маоши мансабї 3218 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.

 

3. Мудири бахши назорат ва тањлили соњањои андоз, корњои сохтмонї ва хариди давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ –1 љой.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

тањсилоти олии касбии иќтисодї ва молиявї баҳисобгирии муҳосибӣ;

- 4 сол собиќаи хизмати давлатї ё 5 сол собиќаи умумии мењнатї дар соњањои назорати молиявї, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотњои буљетї, бонкдорї, аудит ва андоз;

-донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї њатмист. Донистани забонњои хориљї ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роњбарї, идоракунї, банаќшагирии раванди кор;

-малакаи хуби муошират бо тобеон ва бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.

Маоши мансабї 2165 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.

 

4. Мудири бахши таъмини бехатарии технологияҳои иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ –1 љой.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ аз рӯи ихтисос, муҳандис - систематехник, барномасоз;

- 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 4 сол собиќаи хизмати давлатї дар мансабњои категорияи сеюм (аз рӯи ихтисос);;

- донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастури Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, СТД (СТД 21.607-82. СТД 21.608-84. СТД 16442-80.ГОСТ IEC 60950-2011. СТД Р51318.22-99 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- донистани мушаххасоти техникӣ - амалиётӣ, хусусиятҳои тарҳрезӣ, мақсад ва шеваи амалиёти таҷҳизот ва қоидаҳои амалиёти техникӣ;

- дарки равишҳои муосири идоракунии технологияҳои иттилоотӣ, қобилияти ба кор бурдани онҳо (ITIL, COBIT ва мисли онҳо);

- донистани забонҳо, усулҳо ва платформаҳои барномавии муосир (Agile, frameworks ва ғ.);

- дониши амалии системаҳои идораи хазинаи маълумот (СУБД) дар оилаи SQL ва таҷриба дар хизматрасонии (нигоҳубини) хазинаҳои маълумот;

- қобилияти дарки сохтори системаҳои иттилоотӣ ва муайян кардани камбудиҳои онҳо;

- таҳияи тавсияҳо оид ба беҳтар кардани мантиқ ва алгоритмҳои рамзи системаҳои иттилоотии истифодашаванда;

- доштани таҷрибаи амалӣ оид ба шабакаҳои TCP IP;

- дониши идоракунии техникӣ, таҳлили иттилоот ва таҷҳизоту барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад.

Маоши мансабї 2165 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.

 

5. Мудири бахши назорат ва тањлили соњањои андоз, корњои сохтмонї ва хариди давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатӣ –1 љой.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

тањсилоти олии касбии иќтисодї, молиявї ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

- 4 сол собиќаи хизмати давлатї ё 5 сол собиќаи умумии мењнатї дар соњањои назорати молиявї, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотњои буљетї, бонкдорї, аудит ва андоз;

-донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї њатмист. Донистани забонњои хориљї ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роњбарї, идоракунї, банаќшагирии раванди кор;

-малакаи хуби муошират бо бо тобеон ва ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.

Маоши мансабї 2165 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.

 

6. Мудири Бахши иттилоот ва кор бо васоити ахбори оммаи Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ - 1 ҷой

Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии молиявӣ, филологӣ, рӯзноманигор ва рӯзноманигори байналмилалӣ;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумӣ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор;

-малакаи хуби муошират ботобеон ва аҳли ҷомеа аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор бо компютер;

Маоши мансабї 2165 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.

 

7. Сармутахассиси шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ -1 љой.

            Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз;

- на камтар аз 3 сол собиқаи умумӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ:

- донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, СТД (СТД 21.607-82, СТД 21.608-84, СТД 16442-80, ГОСТ IEC 60950-2011, СТД Р51318.22-99

- таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ, идоракунӣ ва насби шабака;

- малакаи корӣ оид ба пешбурди шабақаҳои нурӣ, барқӣ ва бесим;

-дониши идоракунии техникӣ, таҳлили иттилоот ва таҷҳизот, барномҳои системаҳои компютерӣ.

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад.

 Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

8. Сармутахассиси Раёсат оид ба масъалаҳои назорати буҷети соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ -1 ҷой

Талаботи тахассусї барои довталабон:

-тањсилоти олии молиявї - иќтисодї, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотњои буљетї, шуъбаи хазинадорї ва бонкдорї:

- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї;

- донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї, инчунин санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон;

- донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї ва забони хориљї;

- донистани самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон;

- кор бо компютер;

Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

9. Сармутахассиси Бахши рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва муносибатҳои байналмилалӣ -1 ҷой

Талаботи тахассусї барои довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

-  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;

-  донистани забони англисӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад;

-  донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

10. Сармутахассиси бахши таъмини бехатарии технологияҳои иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ -1 љой.

 Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз;

-на камтар аз 3 сол собиқаи умумӣ ва ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ(аз рӯи ихтисос);

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти технологияҳои иттилоотию иртиботӣ;

-донистани СТД (СТД 21.607-82. СТД 21.608-84. СТД 16442-80.ГОСТ IEC 60950-2011. СТД Р51318.22-99 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба уҳдадориҳои сармутахассиси ҳамин шӯъба дахл доранд.

-донистани мушаххасоти техникӣ-амалиётӣ, хусусиятҳои тарҳрезӣ, мақсад ва шеваи амалиёти таҷҳизот ва қоидаҳои амалиёти техникӣ;

-донишу таҷриба дар тарроҳии системаҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ;

-донистани забонҳо, усулҳо ва платформаҳои барномавии муосир (Agile, frameworks ва ғ.) ва таҷрибаи барномасозӣ;

-дониши амалии Системаҳои идораи хазинаи маълумот (СУБД) дар оилаи SQL ва таҷрибаи хизматрасонии (нигоҳубини) хазинаҳои маълумот;

-доштани таҷриба оид ба пешбурди шабакаҳои TCP IP;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад

 Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

11. Сармутахассиси шуъбаи назорати соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатӣ – 1 љой;

Талаботи тахассусї барои довталабон:

-тањсилоти олии касбии иќтисодї, молиявї ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї дар соњањои назорати молиявї, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотњои буљетї, хазинадорї, бонкдорї ё аудит;

-донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї њатмист. Донистани забонњои хориљї ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.

Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

12 Сармутахассиси бахши иттилоот ва кор бо васоити ахбори оммаи Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусї барои довталабон:

- таҳсилоти олии филологӣ, рӯзноманигор, рӯзноманигори байналмилалӣ, иқтисодчӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер;

- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад.

Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

13. Сармутахассиси шуъбаи молия ва хољагидорї -1 љой.

 Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии касбии иќтисодї, молиявї ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї дар соњаи назорати молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотњои буљетї;

-донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї њатмист. Донистани забонњои хориљї ба инобат гирифта мешавад.

 Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

14. Сармутахассиси бахши коргузорӣ -1 љой.

 Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии касбии иќтисодї, ҳуқуқшиносӣ, молиявї ва соҳаи гуманитарӣ;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-истифода ва кор карда тавонистан бо компютер;

-дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистан ва риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї њатмист. Донистани забонњои хориљї ба инобат гирифта мешавад.

 Маоши мансабї 1458 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

15. Мутахассиси пешбари шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ - 1 љой.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

-тањсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз;

- на камтар аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастури Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, СТД (СТД 21.607-82. СТД 21.608-84. СТД 16442-80.ГОСТ IEC 60950-2011. СТД Р51318.22-99;

-доштани дониши идоракунии техникӣ, таҳлили иттилоот ва таҷҳизот/барномаҳои системаҳои компютерӣ;

- доштани малакаи коркард ва идоракунии маълумот.

доштани маълумоти амалӣ дар бораи кори шабакаҳои нурӣ, барқӣ, бесим ва доштани малакаи корӣ дар нигоҳубини системаҳои иттилоотӣ;

- донистани принсипи кории коммутаторҳо, маршрутизаторҳо, xDSL модемҳо ва фаерволҳо;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад

Маоши мансабї 1080 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

  1. 16.Мутахассиси Шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой

Талаботи тахассусї барои довталабон:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ.

- донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастури Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер.

- Маоши мансабї 888 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

  1. 17.Мутахассиси шуъбаи молия ва хољагидорї -1 љой.

 Талаботи тахассусї барои довталабон:

- тањсилоти олии касбии иќтисодї, молиявї ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

-донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидањои имлои забони тољикї њатмист. Донистани забонњои хориљї ба инобат гирифта мешавад.

     - донишу малакаи назариявї ва амалї дар соњањои хизмати давлатї ва иќтисодиёт;

     Маоши мансабї 888 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

18. Мутахассиси шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ - 1 љой. 

Талаботи тахассусї барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, муҳандис - систематехник, барномасоз;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастури Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, СТД (СТД 21.607-82. СТД 21.608-84. СТД 16442-80.ГОСТ IEC 60950-2011. СТД Р51318.22-99:

-доштани маълумот ва таҷрибаи амалӣ оид ба пешбурди шабакаҳои OSI, TCP IP.

-доштани маълумот ва таҷрибаи амалӣ оид ба шабақаҳои нурӣ, барқӣ ва бесим.

-дорои тахассус ва қобилияти зарурӣ барои таъмини фаъолияти муназзами инфрасохтор, системаҳо ва захираҳо, таҷҳизот ва нармафзор ва дигар воситаҳои ТИИ:

 Маоши мансабї 888 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи Љадвали ягонаи тарифї.

 

Эзоҳ: Барои довталбон ба Раёсати рушди технологияҳои иттиллотию иртиботӣ маълумоти олии пурраи касбӣ ва маҳорати мустақилона омода намудани барномаи компютерӣ ҳатмӣ мебошад.

Ба занон, инчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд ва бори аввал ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд бартарӣ дода мешавад.

 

 

Аз довталабон њуљљатњои зерин талаб карда мешавад:

-љузъдон (скоросшиватель);

-аризаи шахсї ба номи  Раиси Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон дар шакли муќарраргардида;

-вараќаи шахсии бањисобгирии кадрњо дар шакли муќарраргардида (маълумотњои шахсї ва фаъолияти мењнатї даќиќ, пурра ва фањмо нишон дода шавад);

-тарљумаи њол бо шакли муќарраргардида;

-2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

-нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот, дараљаи илмї ва такмили ихтисос (агар чунин њуљљатњо бошанд);

-нусхаи дафтарчаи мењнатї (ба ѓайр аз њолатњое, ки шахс собиќаи мењнатї надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатї (шакли 038);

-нусхаи гувоњномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот (эъломия) дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шањодатномаи суѓуртаи давлатии иљтимої (СИН);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети њарбї (барои шахсоне, ки хизмати њарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттї ва электронї.

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

Њуљљатњо аз љониби Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон дар муњлати 21 рўз баъди нашри якуми эълон дар рўзномањо ќабул карда мешаванд.

Суроѓа: шањри Душанбе, хиёбони Рудакї 36, индекс: 734025, телефон 227-38-74, почтаи электронї:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагї, аз љумла намунаи аризаи шахсї ба номи  Раиси Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон, вараќаи шахсии бањисобгирии кадрњо, тарљумаи њол, маълумотнома ва бо дигар маълумоти иловагї аз сомонаи Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон www.sai.tj шинос шаванд.

 

Саволнома


 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима