Муовини Раиси Палатаи ҳисоб

                                                             АЗИМӢ ЗАЪФАР ИСМОИЛ

                                         Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1968 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1990 Донишкадаи савдои кооперативии шӯравии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Соли 2012 Академияи муосири гуманитарии шаҳри Москваро хатм кардааст.
Cолҳои 1990 – 1993 дар вазифаҳои муҳосиб ва муовини сармуҳосиб дар корхонаи консервабарории шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1993 – 1995 вазифаи назоратчӣ-тафтишотчии калони Сарраёсати давлатии тафтишотӣ ва назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро кардааст.
Солҳои 1995 –1997 дар вазифаҳои масъули Раёсати тафтишотӣ ва назорати молиявии Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1997- 1999 дар вазифаи Муовини директори генералии Ширкати илмӣ-истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Ҳисор кор кардааст.
Солҳои 1999 – 2001 вазифаи назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе иҷро кардааст.
Солҳои 2001 – 2007 дар вазифаҳои пурмасъули Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007 – 2016 дар вазифаҳои масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2016 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Номзади илмҳои иқтисодӣ
Бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.
Аълочии Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон