Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                         АЛИАҲМАДИЁН РУСТАМ МИРАҲМАД
                                Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.
Соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ хатм кардааст.
Солҳои1990 – 1995 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассиси гурўҳи санҷиш ва назорат, сардори шуъбаи ҳисоби бухгалтерӣ ва назоратии Иттиҳодияи истеҳсолию таъминоти техникаи кишоварзии “Облагропромтехснаб” вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 1995 - 2005 дар вазифаи Сармуҳосиб–тафтишотчии Идораи кишоварзии маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияди давлатии ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст.
Солҳои 2005 – 2008 дар вазифаи Сардори шуъбаи мониторинги қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби Ҷамъияти сањомии пушидаи Ташкилоти молиявии ғайрибонкии “Кредит Инвест”, кор кардааст.
Солҳои 2008- 2013 дар вазифаи Менеҷери қарздиҳанда, сармуҳосиби Ҷамъияти сањомии пушидаи Ташкилоти амонатии кредитии хурди “Нисор Фом” кор кардааст.
Аз моҳи январ то моҳи октябри соли 2013 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2013 – 2014 дар вазифаи Мудири бахши муҳосибии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014 – 2018 дар вазифаи Сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.