Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                          ДАВРОНШОҲИЁН РАМЕШ ДАВРОНШО
                             Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Соли 1976 дар ноҳияи Мурғоб таваллуд шудааст.
Соли 1994 Техникуми нақлиётии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси техник-механик, соли 2002 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва соли 2009 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россияро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст.
Солҳои 1996 – 1997 дар вазифаи муҳандиси Корхонаи экспедисияи геологии Помир фаъолият кардааст.
Солҳои 1997 – 1999 дар вазифаи Нозири Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Турсунзода кор кардааст.
Солҳои 1999 – 2000 дар вазифаи Сарнозири Раёсати мубориза алайҳи қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрукии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2000 – 2006 дар вазифаи Сартаҳқиқотчии Раёсати мубориза алайҳи қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2006 – 2009 дар вазифаи Муовини сардори шуъбаи Раёсати муборизаи қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2008 - 2010 дар Донишкадаи тахмили иктисос барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Россия, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳсил намудааст.
Солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи Сардори шуъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудити Раёсати минтакавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 2012 – 2014 дар вазифаи Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.
Солҳои 2015 – 2016 дар вазифаи Сармутахассиси шуъбаи назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурии Раёсат оид ба масъалаҳои истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2016 - 2017 дар вазифаи Сардори шуъбаи назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлони Раёсат оид ба масъалаҳои истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2017 то декабри соли 2018 дар вазифаи Сармутахассиси шуъбаи назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлони Раёсат оид ба масъалаҳои истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.