Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода аҳли нишастро бо ин сана табрик намуда, дар бораи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Инчунин, доир ба муҳимияти ин санаи таърихӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан кард. Гуфта шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 майи соли 2016 16 ноябр ҳамчун иди «Рӯзи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон» пазируфта шудааст.
Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад ва нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.
Ҳамчун рӯзи ид қабул шудани 16 ноябр санаи рамзӣ мебошад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгашта интихоб шуда буданд, бори аввал 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардаанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, ба рушди минбаъдаи бомаром қадам ниҳод.
Қарахон Чиллазода зикр намуд, ки аз оғози фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро, ки хавфи пароканда шудан ва аз байн рафтанро дошт баръало эҳсос намуда, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як шаҳрванди он фурӯзон намуданд.
«Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Сарвари давлат ҳамчунин як нафари асосии наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд»,- афзуд Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маърузачиён дар баробари тафсири ҳуқуқии шакли идоракунии Президентӣ фаъолияти ибратомӯзи Президенти Тоҷикистонро таҳлил намуда, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид доштанд.