Масъулияти Мақоми олии аудит дар замони пандемияи “COVID-19”

 Яке аз проблемаҳои асосие, ки айни замон тамоми мардуми сайёра фаро гирифтааст торафт вусъат ёфтани паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемории коронавируси нав “COVID-19” мебошад. Пандемияи “COVID-19” ба тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа аз қабили тандурустию маориф, саноат ва бахшҳои муҳими иқтисодиёт, инчунин дар ҳаёти ҳар як оила ва институтҳои давлатӣ таъсири худро расонид.

Вобаста ба ин санаи 22 июни соли равон дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумита оид ба масъалаҳои маъмурӣ-сиёсӣ ва молиявӣ аз ҷониби Кумитаи назоратӣ оид ба масъалаҳои пешомада семинар тариқи онлайн дар мавзӯи “Пешоҳангии Мақоми Олии аудит дар замони пандемияи СOVID-19: усулҳо ва техникаи аудит баргузор гардид, ки дар кори он Мавлонзода В.Ҳ.- ёрдамчии Раис, Маҳмудова В.- мудири бахши рушд ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сармутахассиси Раёсати мазкур Тағойзода Д.С. ширкат варзиданд.

Дар семинари болозикр Роҳбарони Мақомотҳои олии аудити кишварҳои Федератсияи Россия А. Кудрин-Раиси ИНТОСАЙ, Раиси Кумитаи назоратӣ оид ба масъалаҳои пешомада, доктор Маргит Кракер- Президенти Палатаи ҳисоби Австрия, Котиби генералии ИНТОСАЙ дар мавзӯи “Пешоҳангии Мақоми Олии аудит дар замони пандемияи СOVID-19”, Ҷин Додаро- Раиси Идораи ҳисобдории давлатии ИМА, муовини Раиси Кумитаи назоратӣ оид ба масъалаҳои пешомада дар мавзӯи “Тадбирҳои андешида аз ҷониби ИМА дар даврони пандемия ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи ташаббусҳои Кумита оид ба масъалаҳои маъмурӣ-сиёсӣ ва молиявии ИНТОСАЙ”, доктор Бермудес Сото-Аудитори генералии Раёсати олии аудити давлати Чили, ҳамзамон Котиби Ташкилоти минтақавии ОLACEFS дар мавзӯи “Аудити хариди давлатӣ ва хавфи коррупсия дар замони COVID-19” хонум Мария Хосе- Раиси Суди аудити Испания, котиби генералии EUROSAI ва Кемин Саммерсгилл намоянда аз Идораи миллии аудити Британияи Кабир дар мавзӯи “Посухи EUROSAI оид ба COVID-19” маърӯза намуданд.

Намояндагони 163 кишвари дунё аз қабили Австралия, Алжир, Америка, Англия, Андора, Болгария, Гватемала, Қазоқистон, Хитой, Арабистони Саудӣ, Фаронса ва дигар давлатҳо дар семинари мазкур ширкат варзиданд.

Дар фарҷоми семинар ширкаткунандагон бори дигар таъкид ба гузариш ба сатҳи нави сифати корӣ, такмил ва вусъат додани иқтисодиёти рақамӣ, роҳандозии фаъолият бо усули фосилавӣ, коркард ва таҳияи стандарти нав дар фаъолияти Мақоми олии аудит вобаста ба чолишҳои глобалӣ баланд бардоштани ҳисси масъулиятро дар чунин шароит намуданд.