Баргузории семинари омўзишӣ дар Палатаи ҳисоб

 

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-омӯзиш дар мавзӯи «Афзалиятҳо ва муаммоҳо барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Семинарро Ањмадзода Ф.З. – муовини Раиси Палатаи ҳисоб ифтитоҳ намуда, бори дигар муҳиммияти мавзӯи баррасишавандаро таъкид намуданд. Сипас, Мавлонзода В. – номзади илмҳои иқтисодӣ, ёрдамчии Раиси Палатаи ҳисоб доир ба мавзӯи мазкур маърӯза намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ талаботи замон буда, муносибатҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо қавӣ мегардонад. Иштирокдорони семинар вобаста ба мавзӯи рӯз саволҳо пешниҳод намуда, онҳо дар навбати худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.
Сипас, Сафарализода С. – сармутахассиси Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Палатаи ҳисоб перомуни шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нутқи пурмуҳтаво карданд.
Семинар дар фазои солим ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима