Натиҷаҳои даври ниҳоии озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюми озмун аз 57 довталаб 42 нафар ба даври охирин роҳ ёфтанд. Мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар аз даври ноҳоии озмун бомуваффақият гузаштанд, ки аз онҳо 5 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз ҷалби бештари занону бонувони болаёқат ба мансабҳои мақомоти давлатӣ ва ишғоли зинаҳои роҳбарикунанда, яке аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул таъиншударо ба хизмати софдилона ва содиқона ҷиҳати назорати самаранок ва мақсаднок истифодабарии воситаҳои давлатӣ даъват намуданд.
Маросими савгандёдкунии кормандони нави Палатаи ҳисоб бо тантана дар ҳузури роҳбарияти мақомоти мазкур баргузор гардид.

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима