Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Душанбе – “Шаҳрисабз”-и даврони истиқлол

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба шаҳри муосиру зебо ва ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст.
Бо ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи риси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрўзҳо корҳои созандагӣ, сабзу хуррамгардонӣ, шинондани гулҳои мавсимӣ дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Шафати бинои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шинонидани гулҳои мавсимӣ ба яке аз мавзеъҳои гулзор ва назаррабои пойтахт табдил ёфтааст.
Бинои палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, гулҳои ҳаррангаи шукуфони атрофи он имрўз ба ҳусни шаҳр зебоию ҷаззобияти нотакрор зам кардааст. Зеро аз ҷониби роҳбарият ба масъалаи саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат-шаҳри дилорои Душанбе диќќати аввалиндараҷа зоҳир гардида, дар ин самт нақшаву тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудааст. Кормандони ин ниҳод сиёсати бунёдкорона ва иқдомҳои бузургу созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ ва шинондани гулҳои мавсимиро вусъат медиҳанд.
Ин навбат тасмим гирифта шуд, ки дар назди бино зиёда аз 23 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, ин гўшаи пойтахт боз ҳам ободу зебо гардонда шавад. Кормандон ба ҳашар баромада, дар назди бино, даромадгоҳ ва гирду атроф гулҳои мавсимӣ шинонданд. Гулҳо бо тарҳи махсуси диҷққатҷалбкунанда шинонда шуда, инҷо ба макони гулзор ва таскинбахши қалбҳо мубаддал гардидааст. Корҳои сабзу хуррамгардонӣ, вусъат бахшидани шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.
Дар назди бинои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамзи 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диди нав бо шинондани гулҳои сурху сафед тасвир ёфтааст, ки ин манзараи зебо қалби ҳар бинанда ва роҳгузарро тасхир менамояд. Дуруст ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардондани пойтахт буд, ки имрўз шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабз ва дўстоштаи шаҳрвандон табдил ёфт. Сокинону меҳмонони пойтахт ҳамарўза ба сайру гашт баромада, аз накҳати гулҳо ва зебоию рангорангии он баҳра мебаранд. Аз буриши хиёбонҳои Саъди Шерозӣ ва Неъмат Қарабоеви ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе низ аз ҷониби ҳамин ниҳод гулу гулкорӣ карда шуда, роҳравҳо бо сангҳои ороишӣ навсозӣ гардида, ба манзараи назаррабо табдил дода шудааст.
Сиёсати дурусти корҳои созандагӣ ва тадбирҳои сарвиақтии сабзгардонӣ буд, ки хушбахтона Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист чун шаҳри сабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шуд ва ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар фарди хештаншиносу худогоҳ аст.

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима