Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Табрикоти Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон ба муносибати Иди Ғалаба.

Имсол аз анҷоми набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, 76 – сол сипарӣ мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Имрӯз мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро бо тантана ҷашн мегиранд. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳу сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он пирӯзии адолат бар ҷаҳолат мебошад. Ба ин муносибат кулли сокинони ноҳия ва ҳамаи иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнати ватани азизамонро, ки дар таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистон азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаро ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони бонангу номуси худ дар роҳи озодӣ ва ҳимояи Ватан ҷашн мегиранд. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ бахшида ба Рӯзи ғалаба қайд намуда буданд, “Ғалабаи беназир бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст”.
Мо насли имрӯза мефахрем, ки дар қатори намояндагони миллату халқиятҳои дигар 300 ҳазор нафар тоҷикистониён низ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо эҳсоси баланди ватандорӣ иштирок намуда, дар таъмини ғалаба саҳми босазои худро гузоштаанд, ки зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Ғалабаи инсоният дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дорои аҳмияти бузурги таърихӣ буда, сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, динӣ ва мансубияти қавмию наҷотӣ, миллатҳо ва халқҳои гуногуни олам бо иттиҳоду ягонагӣ тавонистанд ваҳшонияти фашизмро дар миқёси сайёра аз байн баранд”.
Ҳамасола дар арафаи Иди Ғалаба мардум аз он родмардоне, ки дар рӯзҳои барои ватан мушкил ба даст яроқ гирифта, ба муқобили душмани ғаддор ҷангидаанд, ёд аз он замоне мекунанд, ки бародарону додарон барои дифои Ватани маҳбуби худ ба фронт ба майдони муҳорибаҳои хунин рафтанду баъзеҳо барнагаштаанд. Дар воқеъ, нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои мудҳиш ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд, дар густариши ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун як рукни барномаи ташаккули фарҳанги ватандӯстии ҷавонони кишварамон бисёр муҳиму арзишманд аст.
Ҷанги Дуюми Ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва ҳисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид, ки азияташ то ба имрӯз идома дорад. Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ва дар ақибгоҳ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид. Мехоҳам хотирнишон созам, ки корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.
Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш ба харҷ диҳем ва ҳифзи амнияту оромии давлату ҷомеа, пойдории соҳибистиқлолӣ, пешрафти рукнҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардумро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори обод, сулҳу осоиш ва файзу баракат орзу менамоям. Ҷашни Ғалаба муборак!

Аксхо

 
Силкаҳои лозима