Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҷамъомад баҳри тақвияти дониши кормандону...

17 июли соли 2023 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Принсипи аудити молиявӣ” доир шуд. Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода ифтитоҳ карда, баъдан, сараудитор Зафар Раҳмонзода доир ба мавзӯи зикршуда ва паҳлуҳои гуногуни он изҳори андеша намуд.
Баъдан, табодули афкор сурат гирифта, баъзе аз масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Палатаи ҳисоб дар шаш моҳи соли равон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, аммо вобаста ба шароиту имкониятҳое, ки дар ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудаанд, кам аст. Бинобар ин, бо ишора ба ислоҳи баъзе аз камбудиҳо раиси Палатаи ҳисоб таъкид дошт, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар мавриди рушди соҳаи аудити мустақили беруна ва назорати самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ боз ҳам бештар кушиш ба харҷ додан зарур аст.
Дар идома, роҳбари мақоми олии аудит ба самъи иштирокчиён фармоиши раиси Палатаи ҳисоб аз 17 июли соли равон перомуни бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ишғолнамуда озод намудани Ализода Исмоил Алиро расонида, ба ӯ, пеш аз ҳама, сиҳатию саломатии бардавом, сарбаландиву хонаободӣ, камоли умру бобаракати фарзандону наберагон, беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва давлати пирӣ таманно намуда, дар фазои тантанавӣ “Ифтихорнома”-и Палатаи ҳисобро супориданд.
Дар робита, муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода ва сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Валимат Мавлонзода қайд карданд, ки Ализода Исмоил Алӣ, тӯли беш аз 40 сол содиқона хизмат намуда, дар рушди Палатаи ҳисоб низ саҳмгузор аст.
Дар навбати худ, Ализода Исмоил Алӣ ба роҳбарият ва кормандон арзи сипос намуда, аз ҷумла, афзуд, ки он ҳама дастоварду комёбиҳое, ки солҳои фаъолият дар сохторҳои гуногун ба даст овардааст, маҳз натиҷаи ҳадигарфаҳмию дастгирии бевоситаи роҳбарону ҳамкорон мебошад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима