-Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиќлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин ва низоми давлатдории кишвар дар шакли демократӣ бунёд гардид, -иброз дошт раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни баромад дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди Қонуни асосии мамлакат, ки сеюми ноябри соли 2023 дар ниҳоди зери тобеияташ баргузор гардид.
Ба андешаи роҳбари мақоми олии аудити мамлакат, баъди қабули Конститутсия (6 ноябри соли 1994) на ин ки роҳу равиш ва сатҳи зиндагии мардум дигар гардид, балки он тавонист баҳри устуворӣ, сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон наќши муҳим бозад.
-Бо қабули ин санади тақдирсози миллӣ тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷўёнаи гузаштагонро пос медоранд, -афзуд Қарахон Чиллазода.
Сипас, сардорони раёсатҳои стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Мавлонзода Валимат Ҳақбердӣ, оид ба масъалаҳои назорати бонкҳои давлатӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ Зокирӣ Тоҷиддин Баҳриддин ва мутахассиси шуъбаи назорати сифати аудити Палатаи ҳисоб Шабнам Баротова доир ба масоили гуногуни Бахтномаи миллат андеша баён намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипҳои озодӣ ва демократия устувор аст. Он омили асосии ифодаи ҳадафҳо ва рушду такомули давлату давлатдорӣ буда, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда мебозад ва барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули ҳар фард заминаи мустаҳкам мегузорад.
Гузашта аз ин, ин санади тақдирсоз барои аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ягонагии миллат таҳдид мекард, шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу суботи боэътимодро боз намуд. Дар тўли солҳои мавҷудият Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқ бошад ва миллати тоҷикро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозида, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки бо мурури замон ва вобаста ба тақозои ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба санади тақдирсози миллат иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар маҷмуъ, зиндагии аҳлонаю хушу хуррам ва якдилию якмаромии кунунӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардум тамоми он дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию техникии ноилгардидаро, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии воқеан соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои миллӣ боз ҳам ба муваффақиятҳои беназир ноил хоҳанд гардид.
Чун анъана, пеш аз оғоз ва пас аз аз анҷоми ҷамъомад Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.