Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 июн дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандон ва воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб иштирок намуданд.
Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон бо суханони пурмуҳтаво бахшида ба Рӯзи Ваҳдати милли баромад намуда, таъкид карданд, ки нақши Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамъии миллат ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзишмандтарин ва беназиртарин туҳфаи таърих буда, дар эъмори давлатдории миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Гуфта шуд, ки воқеан Истиқлолияти давлатӣ,Ваҳдати миллӣ барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад.Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дарки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандустӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарварад.
Эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, тарғиби ғояҳои миллӣ ва урфу оддатҳои аҷдодӣ, инчунин ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ва дар ин замина ба ҷо овардани ҳамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, ки ба ваҳдати миллӣ оварда мерасонад, аз ҷониби баромадкунандагону иштирокдорон дар чорабинии мазкур андешаронӣ сурат гирифт.
Бо шукургузорӣ аз аз фазои сулҳу суббот ва оромии сартосарии Ватан қайд гардид, ки Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст.Зеро танҳо бо будани ваҳдат мушкилиҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагонӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо аз файзи баракати Истиқлолияту соҳибихтиёри ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ ба имрӯзу фардои Ватани азизамон устуворона қадам мезанад.
Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Сипас, Мавлонзода В. баромад намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Бо ин руйдод дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолият бо Ваҳдати миллӣ, ҳамчун омили сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.
Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 27 соли баъд аз бадастории Ваҳдати миллӣ мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфидоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст.

Бояд гуфт, ки идеяи ваҳдати миллӣ аз ташаббусҳои аввалини Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи меъмори давлати навини тоҷикон аст. Тавре шоир ин заҳматҳои Сарвари давлати моро ба қалам додааст:

Сар гузорам пеши пое, сарбаландам кардааст,
Худ газанде дидаву дур аз газандам кардааст.
Офарин бар худфурӯзе, қалби худро шамъ кард,
Миллати ҳар ҷо парешони маро сарҷамъ кард.

Дар фарҷом Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон бори дигар иштирокдоронро ба муносибати 27- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, барои пос доштани арзишҳои миллӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат таъкид намуданд.


Масъули Бахши ВАО: Наҷмуддинзода Х.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима