Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 19 октябри соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Мушкилиҳои ҷорӣ намудни IT – аудит дар ҷараёни гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ” баргузор гардид.
Ин чорабинӣ, дар доираи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2021 таҳти рақами № 88 доир шуд.
Дар конфронс намояндагони Федератсияи Руссия, намояндагони вазорату идора, донишгоҳҳои кишвар ва кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал, муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода баромад намуда, қайд намуд, ки мақомоти Палатаи ҳисоб кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки барномаи электронии аудитро ҷорӣ намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то охири сол ин барнома пурра амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз ин тасмим минбаъд мутобиқ кардани фаъолияти Палатаи ҳисоб ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки Палатаи ҳисоб дар Доираи лоиҳаи дуюми “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ” бо мақсади ҷорӣ намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ як қатор корҳоро иҷро намудааст, ки намунаи он таҳияи барномаи электронии аудит ва ҳуҷҷатгузории электронии дохилиидоравӣ аст. Барномаи электронии аудит аз ҷониби ширкати байналмилалии “Кейсистемс”-и Федератсияи Руссия дар доираи маблағгузории лоиҳаи мазкур омода шудааст.
Бо ҷорӣ шудани барномаи мазкур Палатаи ҳисоб бо барномаҳои электронии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва бо дигар масъулони асосии қисми даромади буҷети давлатӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ пайваст мегардад.
Бо пайваст шудан ба барномаҳои электронии мақомоти марбута гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ осон гардида, қисми зиёдашон ба таври автоматӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар идомаи конфронс, директори ширкати “Кейсистемс” суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти ширкат маълумот дод.
Ӯ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ ҳамкориҳоро идома дода, барои беҳтар намудани раванди кор дар ин самт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Инчунин, намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳҳо оид ба бартарияти гузаштан ба ҳукумати электронӣ, самаранокӣ ва ҷавобгӯ будан ба талаботи стандартӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Дар хотима, байни ҳозирин муҳокимаҳои судманд сурат гирифт.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима