logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Санаи 2 марти соли 2026 дар толори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар мавзуҳои “Коррупсия яке аз омилҳои таҳдидкунандаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди ҷомеа”, инчунин, мазмун ва моҳияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” семенар - машваратӣ таълимӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Палатаи ҳисоб иштирок намуда, масъалаҳои мазкурро мавриди муҳокима ва фаҳмондадиҳӣ қарор доданд.

Аз ҷумла сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб Шарифзода Ш.М., зимни суханрониҳои худ омилҳои таҳдидкунандаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии зиддикорупсиониро мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода, иброз доштанд, ки ҷой доштани омилҳои мазкур ба амнияти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, пешрафти ҳаёту фаъолият ва зиндагии орому осудаи мардумро халалдор менамояд. Дар ин замина, ҷиҳати пешгирию бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ ёдовар шудаанд.

Ҳамчунин, дар доираи семенар - машаварати мазкур намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Ф., ба сухан баромада, оид ба мазмун ва моҳияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи амалӣ он, ки барои солҳои 2026 - 2030 пешбинӣ шуда, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ибрози назар намуданд.

 Инчунин, дар ин самт навгониҳои нақшаи тасдиқшаванда, муқоисаи бандҳо ва субъектҳои иҷрокунандаи он, муҳлат ва тартиби иҷро, андешидани чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва дигар омилҳои бавуҷудоварандаи сабабу шароитҳои коррупсия шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар интиҳои суханрониҳо, саволу ҷавоб ва муколамаи афкор сурат гирифта, даъват ба амал оварда шуд, ки барои паст намудани ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба он бетараф набошем, инчунин иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро саривақт ва бо сифати баланд таъмин намоем.

                                                                                                                                                                                           Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоб


04.03.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -